Боздиди сафири Русия аз дафтари кории ҲХДТ

Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Флоровро ба ҳузур пазируфта, дар бораи фаъолияти густурдаи ҳизб, нуфузи он дар ҷомеа ва робитаҳои он бо аҳзоби сиёсии минтақа ва ҷаҳон маълумоти мухтасар дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар мулоқот зикр гардид, ки ҲХДТ […]

ASIA-Plus



Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Флоровро ба ҳузур пазируфта, дар бораи фаъолияти густурдаи ҳизб, нуфузи он дар ҷомеа ва робитаҳои он бо аҳзоби сиёсии минтақа ва ҷаҳон маълумоти мухтасар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар мулоқот зикр гардид, ки ҲХДТ дар соли гузашта дар қатори ҳизбҳои дигар ба маъракаи сиёсии интихоботи президенти мамлакат бо тайёрии пухта ворид шуда, тавонист, ки бо пешниҳоди Барномаи мукаммали номзади худ бахши зиёди интихобкунандагонро ҷалб намояд ва ба пирӯзӣ расад.

«Ташкилотҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии ҳизби мо фаъолияти худро ба таври ҳамешагӣроҳандозӣнамуда, дар тадбирҳои сатҳи ҷумҳуриявӣфаъолона ширкат меварзанд. Соли равон дар Тоҷикистон 20-солагии қабули Конститутсияи кишвар ва 20-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат созмонҳои маҳаллии ҳизб аллакай дар зимни нақша-чорабиниҳои алоҳида бо мардум вохӯрию мулоқотҳо гузаронда, бо ташаббусҳои созандаи худ мардумро ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣсафарбар карда истодаанд», – гуфт Сафаров зимни мулоқот.

Ҳамчунин қайд шуд, ки фаъолияти ҳизб дар дохили кишвар беш аз беш фарогир шуда, ҳамзамон бо як қатор аҳзоби хориҷии кишварҳои дуру наздик ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд. «Робитаҳои байниҳукуматии мо бо Русия сол то сол тақвият ёфта истодаанд. Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик бо Ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия» алоқаҳоро ба таври расмӣроҳандозӣ намоем ва барои беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣкӯмак расонем», – афзуд Сафаров.

Ба иттилои манбаъ, сафири Русия дар Тоҷикистон И. Лякин-Фролов ба С. Сафаров барои манзур намудани маълумоти муфассал изҳори қаноатмандӣкарда, аз дидору мулоқоти чанде қабл дар шаҳри Сочи суратгирифтаи байни сарони ҳарду давлат В. Путин ва Э. Раҳмон ёдовар шуд. «Воқеан ҳам дар муносиботи ду шарики стратегӣ саҳифаи нав боз шудааст, ки минбаъд низ дар  заминаи имзои созишнома миёни  «Единая Россия» ва ҲХДТ ҷиҳати ҳамкориҳои мустақим мусоидат хоҳад кард», – гуфтааст сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.