Зойиров: Ман ба хабар додан дар бораи марги маҳбус тариқи Facebook ҳуқуқ доштам



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, ки чанд рӯз қабл барои пахн кардани хабари бардурӯғ дар бораи марги маҳбус дар ҷаримагоҳи зиндон аз болояш ба суд шикоят бурданд, мутмаин аст, ки бо интишори ин хабар дар шабакаи иҷтимоии Facebook ӯ дуруст рафтор кардааст.

Оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги узви оилаашон дар ҷаримагоҳи зиндон аз болои раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба суд

даъво пеш оварда,

ба сифати ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб доранд.

Ҳарчанд Зойиров ба боэътимодии сарчашмаҳои худ, ки ба ӯ дар бораи марги М.Саидов хабар доданд, бовар дошта бошад ҳам, ӯро лозим меояд, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ «бовар кардан ба маълумоти онҳо»-ро собит намояд. Ҳамаи панҷ сарчашмаи хабари Зойиров бевосита кормандони муассисаи ислоҳие мебошанд, ки дар он айни замон маҳбуси «фавтида» адои ҷазо мекунад.

«Алҳол ба ман аз суд даъватнома нарасидааст. Ҳақ буданамро ман дар суд исбот мекунам, зеро ин хабар ба ман аз панҷ сарчашма расид. Онҳо гуфтанд, ки фиребашон карда, бовар кунонидаанд, ки дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст. Ғайр аз ин, хабари марги Маҳмадраҳим Саидов дар худи муассиса низ паҳн шуда буд ва онҳо ҳам бовар доштанд, ки ин маълумоти саҳеҳ аст», – мегӯяд Зойиров.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, шахсоне, ки ба ӯ дар бораи марги маҳбус дар ҷаримагоҳи зиндон хабар доданд, ҳатман дар суд ба сифати шоҳид ӯро ҳимоя хоҳанд кард.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бо нашри хабари марги маҳбус дар шабакаи иҷтимоии Facebook ӯ вазифаи маъмулии ҳомии ҳуқуқро ба иҷро растонидааст. «Ҳамчун ҳуқуқшинос ман ба хабар додан дар бораи ин далелҳо уҳдадорам, агар дар ин бора ба ман хабар диҳанд. Ман ҳамту хабар надодам, балки ду нафарро назди Омбудсмен фиристодам, то ки ба дахолати саривақтӣ ва саҳеҳ кардани ҳолат мусоидат намоянд ва чун ман барои бевосита ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳӣ ваколат надорам, инро ба воситаи намояндаи дастгоҳи Омбудсмен анҷом додам. Ман ба хабар додан дар ин бора тариқи шабакаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доштам, зеро ин амал ба мафҳуми ҷомеаи иттилоотӣ созгор аст», – чунин мешуморад Зойиров.

spot_imgspot_img

Популярное