Гуфтушунидҳои Аслов дар Ню-Йорк бо муовинони дабири кулли СММ



Санаи 10 марти 2014 дар ҳошияи иштирок дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва амалҳои минбаъда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ бобати рушди устувор ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Ҷеффри Фелтман низ мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими амну субот дар минтақа, вазъи Афғонистон пас аз хурӯҷи Нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014, нақши Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, мубориза алайҳи терроризм, инчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз, дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷӣ маросими кушодашавии сомонаи нави Намояндагӣ баргузор гашт. 

spot_imgspot_img

Популярное