Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Адолатовро амали тарҳрезишуда медонад



Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти раҳбари бахши ҳизб дар ВМКБ Саодлатшо Адолатовро амали тарҳрезишуда медонад.

Дар изҳороти интишоргардидаи ҲНИТ дар ин робита гуфта мешавад, пӯшида нест, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамеша таҳти туҳмат қарор дошта, ҳодисаи бо Саодатшо рухдода низ истисно нест.

«Мақомоти давлатии гуногун бо нашри овозаҳои гуногун борҳо нисбати Адолатов аз фишор ва таҳдид кор мегиранд, то ки ӯ ба кори ҳизбиаш хотима бахшад ва маводҳои нашршуда дар рӯзномаи ноҳиявӣ ва «Ҷумҳурият» ва ҳамчунин агентии «Ховар» дар бораи боздошти ӯ барои «барангехтани адовати динӣ» гувоҳи ин гуфтаҳост», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки чандин маротиба ҳукуматдорон аз Адолатов талаб кардаанд, ки ба кораш дар ҳизб хотима диҳад, вагарна барои ӯ ва хешону наздиконаш «мусибат» хоҳанд овард, вале Адолатов фаъолияти ҳизбиро афзалтар донистааст.

Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз боздошти раиси ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар деҳаи Сурхи Исфара Абдуманнон Содиқов низ изҳори нигаронӣ намудааст. Содиқов рӯзи 15 апрел ба гумони пешниҳоди “пора” боздошт шудааст.

Мақомоти ҲНИТ чунин амалҳоро “таҳдид ба амнияту субот, афзоиш ёфтани нобоварии мардум ва аз байни рафтани эътимод ба мақомоти давлатӣ” дониста, аз роҳбарияти кишвар тақозо кардаанд, то “пеши роҳи чунин як қонуншиканиҳо ва ноадолатиҳо” гирифта шавад.

spot_imgspot_img

Популярное