Нигаронии нахуствазир аз афзун гардидани бақияи қарзи андоз

Имрӯз таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли равон ҷаласаи васеи Раёсати ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли равон ҷаласаи васеи Раёсати ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 7,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта 7% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, нахуствазири ҷумҳурӣ аз ҷараёни афзун гардидани бақияи қарзи андоз, иҷро нагардидани қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ, пардохт нагардидани музди маоши кормандон дар аксар ташкилоту идораҳои мамлакат, фаъолияти нокифояи корхонаҳои хурду бузурги саноатии мамлакат ва дигар камбудиҳои соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ  карда, барои рафъи онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат дастуру супоришҳо дод.

Зимнан зикр гардид, ки Қоҳир Расулзода шахсони масъулро ба афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, ноил гардидан ба беҳбуди вазъ дар соҳаи саноати сабук ва дар маҷмӯъ бахши сармоягузорӣ вазифадор намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.