Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар мубориза алайҳи терроризм

Рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, Ёддоштро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири амнияти ҷамиятии Чин Го Шенкун, ки имрӯзҳо бо сафари расмии дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, Ёддоштро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири амнияти ҷамиятии Чин Го Шенкун, ки имрӯзҳо бо сафари расмии дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расониданд.

«Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро наметавон беҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои дигар давлатҳо аз байн бурд, гуфт зимни мулоқот Раҳимзода. – Дар ин самт Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин яке аз сохторҳои пурқувват ва пешрафта маҳсуб ёфта, мо итминони комил дорем, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон шарики боэътимод хоҳад буд».

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,  терроризму ифротгароӣ, хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, мубодилаи иттилоот ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.