Супориши президент оид ба ҷудо кардани 1 ҳазор сомонигӣ ба собиқадорони ҶБВ



Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия аз ҳисоби буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба тоҷикистониён – собиқадорон, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва оилаҳои бесаробонмондаи собиқадорони ҶБВ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме кумакпулии якдафъаина ҷудо мекунад.

Раиси Шӯрои собиқадорони Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 134 нафар собиқадорони ҶБВ ва 23 оилаи бесаробонмандаи собиқадорони ҶБВ зиндагӣ мекунанд. «Мо – собиқадорони ҶБВ аз ғамхории мунтазами сарвари давлат миннатдорем», – гуфт Қудратов.

Ба гуфтаи ӯ, дар остонаи таҷлили ҷашни 69-уми солгарди Ғалаба дар ҶБВ ба ҷуз кумакпулии сарвари давлат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тоҷирону соҳибкорон низ ба собиқадорон кумак мекунанд.

Дар ин радиф метавон қарори мақомоти шаҳрдории Душанберо мисол овард. Бо ин мақсад тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650  сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное