Нозирони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Украина иштирок намекунанд

Дар маъракаи интихоботи президенти Украина нозирон аз Тоҷикистон иштирок намекунанд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби иштирок накардани нозирони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Украина ба масъалаи таъмини амнияти онҳо рабт дорад. Ба қавли ӯ, барои ба сифати нозир иштирок кардани намояндагони ҷумҳурӣ […]



Дар маъракаи интихоботи президенти Украина нозирон аз Тоҷикистон иштирок намекунанд.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби иштирок накардани нозирони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Украина ба масъалаи таъмини амнияти онҳо рабт дорад.

Ба қавли ӯ, барои ба сифати нозир иштирок кардани намояндагони ҷумҳурӣ дар маъракаи интихоботи президенти Украина Тоҷикистон аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо даъватнома гирифтааст, ҳарчанд қаблан дар таҷриба чунин ҳолат ҷой надошт.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи президенти Украина 25-уми майи соли равон баргузор мешавад. Рӯзи 19-уми май муҳлати бақайдгирии нозирони байнулмилалӣ ба итмом расида, дар маҷмӯъ 2784 нафар нозиро7и байнулмилалӣ сабти ном шудаанд, ки 289 нафарашон намояндагони 19 кишвари хориҷӣ ва 2502 нафарашон аз созмонҳои байнулмилалӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.