Ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои Раёсати КДАМ дар Хоруғ



Шаби гузашта ба бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби афроди номаълум ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамлагарон ба самти бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Хоруғ ду норинҷак (граната)-и ҷангӣ партофта, аз аслиҳаи оташфишон тир парронидаанд.

«Пас аз оташкушоии ҷавобии кормандони Раёсат ҳамлагарон ақиб нишаста, дар ҷойи ҳодиса ҷасади ду ҳаммаслаки худро партофтаанд, ки феълан шахсияти онҳо муайян карда мешавад», – зикр кард манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар доираи он корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное