Ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои Раёсати КДАМ дар Хоруғ

Шаби гузашта ба бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби афроди номаълум ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳамлагарон ба самти бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Хоруғ ду норинҷак (граната)-и ҷангӣ партофта, аз аслиҳаи оташфишон […]



Шаби гузашта ба бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби афроди номаълум ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамлагарон ба самти бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Хоруғ ду норинҷак (граната)-и ҷангӣ партофта, аз аслиҳаи оташфишон тир парронидаанд.

«Пас аз оташкушоии ҷавобии кормандони Раёсат ҳамлагарон ақиб нишаста, дар ҷойи ҳодиса ҷасади ду ҳаммаслаки худро партофтаанд, ки феълан шахсияти онҳо муайян карда мешавад», – зикр кард манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар доираи он корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.