Навҷувонов ба сокинони Ишкошим ҳалли масъалаи марбут ба сардори ШВКД-ро ваъда дод

Пас аз вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Абдулло Навҷувонов сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки рӯзи сешанбе бо талаби аз мансаб барканор кардани сардори Шуъбаи ВКД-и ноҳия даст ба тазоҳурот зада буданд, нимаи дуюми рӯз ба хонаҳояшон пароканда шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, муовини вазири корҳои дохилӣ […]



Пас аз вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Абдулло Навҷувонов сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки рӯзи сешанбе бо талаби аз мансаб барканор кардани сардори Шуъбаи ВКД-и ноҳия даст ба тазоҳурот зада буданд, нимаи дуюми рӯз ба хонаҳояшон пароканда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, муовини вазири корҳои дохилӣ талабҳои гирдиҳамомадагонро шунида, ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ ва онро ҳаллу фасл мекунад. «Шоми ҳамин рӯз ӯ аз Ишкошим ба Хоруғ баргашт», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ба иллати

ин рӯйдод дар Ишкошим

,  ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутаваққиф шуда буд. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони маҳаллиро носазо гуфтаааст, ки ба хашмгиниву норозигии аҳолӣ боис гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ, Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи сешанбе ба шаҳри Хоруғ омада, имрӯз бо мақомоти раҳбарӣ ва намояндагонони аҳли ҷомеа мулоқот баргузор карданист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.