Мулоқоти нахуствазир бо директори Хадамоти назорати маводи нашъаовари Русия

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари и Русия Виктор Иванов, ки барои ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти махсуси СААД «Канал-Южный Капкан» ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ дар самти мубориза бо […]



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари и Русия Виктор Иванов, ки барои ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти махсуси СААД «Канал-Южный Капкан» ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки солҳои охир Тоҷикистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ошкор кардани ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамкориҳои мутақобилаи кишвар бо сохторҳои дахлдори Русия дар сатҳи қаонатбахш роҳандозӣ шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни амалисозии Созишномаи баимзорасида байни  Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Русия   оид ба расонидани кумак дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро низ баррасӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.