ХБА: Таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир мерасонанд



Тақвияти таҳримҳои иқтисодии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ба коҳиши рушди иқтисод дар Русия оварда мерасонад. Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) нисбати рушди иқтисоди Русия дар соли 2014 пешгӯӣҳои худро интишор намуд, ки на бештар аз 0,2% -ро ташкил хоҳад дод.

Дар маросими муаррифӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов дар ин робита изҳор намуд, ки коҳиши рушди иқтисоди Русия ба кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон боис мегардад, ки он дар навбати худ ба коҳиши истеъмол дар Тоҷикистон ва кам шудани афзоши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар оварда мерасонад.

«Коҳиши воридоти асъор ба қурби асъор дар дохили кишвар таъсир мерасонад. Агар дар Русия вазъ бад шавад, барои Тоҷикистон ҳам хатарҳо зиёд мешаванд», – гуфт ӯ.

Ғайр аз ин Биболов зикр кард, ки имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҷаҳон буда, ҳаҷми маблағҳои пулии интиқолшуда ба Тоҷикистон қариб ба 50%-и ММД-и кишвар баробаранд. Соли 2013 тариқи низоми интиқоли мблагҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА маблағ ворид шуд, ки нисбат ба натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар мебошанд.

Дар робита ба таваррум Биболов қайд кард, ки ояндаи наздик ХБА барои иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳодисаҳои ғайримуқаррариро интизорӣ надорад ва таваррум дар ҷумҳурӣ дар сатҳи қобили қабул боқӣ хоҳад монд.

Дар гузориши моҳи майи Хазина «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ» зикр мегардад, ки дар робита афзоиши хатарҳо барои кишварҳое, ки бозорҳояшон дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ҳоли ташаккулёбианд, хатарҳо барои пешгӯии суръати афзоиши иқтисод тақвият меёбанд.

«Дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ (бахусус дар Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ва кам шудани маблағгузориҳои лоиҳавӣ (масалан, дар Тоҷикистон) хатари асосӣ барои минтақа дар минбаъд бад шудани дурнамои рушди иқтисодӣ дар Русия ифода меёбад, ки ба сустшавии рушд дар аксари кишварҳои минтақа боис шуда метавонад», – қайд мекунанд таҳлилгарони ХБА.

Мувофиқи пешгӯиҳои нави Хазина, аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми афзоши ММД-и воқеии Тоҷикистон – 6,2%-ро ташкил дода, соли 2015 то 5,7% поин меравад. Соли 2014 мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар 5,4% ва соли 2015 – 5,9%-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта коршиносони ХБА ҳаҷми афзоиши ММД-и воқеъии Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи 6,7% ва мизони таваррумро – 7,5% пешгӯӣ карда буданд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр мегардад, ки «дар Тоҷикистон бар асари қарздиҳии мақсаднок вазъи бонкҳои бузург бад шуд». Коршиносони ХБА қайд мекунанд, ки дар минтақа дар маҷмӯъ аз суст шудани суръати афзоиши иқтисод аз 6½% дар соли 2013 то 6% дар соли 2014 интизорӣ меравад.

spot_imgspot_img

Популярное