Ҳисоботи ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» моҳи июни соли 2014 нашр мешавад

Шоми рӯзи 30-юми майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ мавзӯъҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии […]



Шоми рӯзи 30-юми майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ мавзӯъҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва масоили вобаста ба ҳисоботи корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” баррасӣ шуд.

Сароҷ Кумар Ҷа иттилоъ дод, ки лоиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳисоботи ниҳоӣ бошад, тибқи иттилои ӯ, пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки мавқеи ин ниҳоди муътамади байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.