Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бар ин назар аст, ки баъзе кишварҳо вазъ дар Тоҷикистонро муташанниҷ карданианд.
«Дар шароити муташанниҷ шудани вазъ дар минтақаву ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, масъалаи ҳимояи давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ барои мо аҳамияти хосса касб мекунад. Дар чунин шароит ҳеҷ кадоме аз кишварҳои дунё наметавонад аз дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар ва бархӯрдҳо эмин бошад», – изҳор кард рӯзи душанбе Шукурҷон Зуҳуров зимни ҷаласаи охирини пеш аз таътили парлумонӣ.
Дар ин робита ӯ зикр кард, ки ба ин гуна вазъ кишварҳое муқовимат карда метавонанд, ки аз низоми бештар пешрафти ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд.
«Дар ҷаҳон бетартибиҳо роҳандозӣ мешаванд. Давлатҳое мавҷуданд, ки хоҳони ворид намудани кишвари мо ба ин раванд мебошанд», – изҳор дошт ӯ, вале маҳз кадом кишварҳову бо кадом мақсад манфиатдор будани онҳо ба бад шудани вазъ дар Тоҷикистонро номбар накард.
Зуҳуров аз вакилон даъват ба амал овард, ки барои муқовимат ба ин падидаҳо ва таҳкими сулҳ дар кишвар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд. «Сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, ҳамаи вакилони мо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ақидаи ягона доранд», – афзуд ӯ.



