Дастури президент оид ба аттестатсияи кормандони ширкати «Барқи тоҷик»



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ширкати «Барқи тоҷик» ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.

spot_imgspot_img

Популярное