Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва корхонаи давлатии ҶСК «Heavy Engineering Corporation»-и Ҳиндустон Ёдддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишнома дар доираи сафари раҳбарияти ширкати Ҳиндустон ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл дар Душанбе ба имзо расида, зери он вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва директори идоракунандаи ширкати «Heavy Engineering Corporation» Вишваҷи Сахай имзо гузоштанд.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки дар ёддошт манфиатдории ҳарду ҷониб ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас – рушди саноати вазнин, бунёди корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон, дастгирии лоиҳакашии коркарди кони ангишти «Зиддӣ», таҳвил ва шиносоӣ бо технологияҳо, таҳвили таҷҳизоти кӯҳкории ширкати Ҳиндусттон барои саноати истихроҷи ангишт ва ғайра ифода ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷорисозии технология ва таҷҳизоти нав ва дастгирии лоиҳаҳои минбаъдаи дорои иқтидори сатҳи баланд бо мақсади рушди технологияҳои инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкорҳои дуҷониба низ ба мувофиқа расиданд.
Дар Вазорати мазкур мутмаинанд, ки роҳандозии ҳамкорӣ бо ин ширкат ба рушди ин соҳа, афзоиши кормандон ва мутахассисони соҳибтахассус дар бахшҳои дар боло зикршудаи саноат мусоидат мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин тавофуқот ҷонибҳо оид ба омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон, маълумот, қобилияту малака дар бахши технология ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак тадбирҳо меандешанд.



