Президенти Туркманистон имсол бори дуюм ба Тоҷикистон меояд

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати кишвари ҳамсоя ин дафъа ба Тоҷикистон ба сифати меҳмони фахрии раиси кунунии Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меояд. «Зимни гуфтушуниди Г.Бердимуҳаммедов ба сарвари давлати […]

Аваз Юлдошев



Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати кишвари ҳамсоя ин дафъа ба Тоҷикистон ба сифати меҳмони фахрии раиси кунунии Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меояд.

«Зимни гуфтушуниди Г.Бердимуҳаммедов ба сарвари давлати Тоҷикистон баррасии масоили марбут ба амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшгуда миёни кишварҳо дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 5-уми майи соли ҷорӣ президенти Туркманистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Он замон зимни мулоқоти дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди алоқаи нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Масъалаи суръат бахшидан ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар меҳвари гуфтушунидҳои ҳарду ҷониб қарор дошт. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар миёни Тоҷикистону Туркманистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...