Аз оғози сол нархҳои истеъмолӣ 4,7% боло рафтанд



Дар зарфи 7 моҳи соли равон  мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июли соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,2% поин рафтааст.

Аз оғози сол маҳсулоти ғизойӣ 6,5%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 0,8% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 5% гарон шудаанд.

Зикр мегардад, ки моҳи июл маҳсулоти ғайриғизойӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан 0,5% ва 2,5% қимат шуда, маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 0,4% арзон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное