Бизнес-форуми СҲШ: Кишварҳо ҷонибдори рушди иқтисодии муштарак



Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Бизнес-форуми доираи соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои аъзои ин Созмон, инчунин кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори Бизнес-форумзиёда аз 300 намояндагони бахши хусусӣ ва сармоягузории Қазоқистон, Чин, Қирғизистон Рксия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Туркия, инчунин кормандони масъули созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории Бизнес-форум таҳкими ҳамкории тиҷоратии байни ҷомеаҳои соҳибкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷойдошта ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, муттаҳид сохтани иқтидори касбии аҳли тиҷорату саноати СҲШ ҷиҳати омода сохтани пешниҳоду тавсияҳо барои вохӯрии дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои Созмон, вусъати равобити бисёрҷонибаи соҳибкорон, ҳавасмандгардонии манфиати мутақобила ва тавсеаи равобити тиҷоратии байни соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои СҲШ мебошад.

Зимни суханронии худ муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки мусоидати воқеӣ ҷиҳати равнақ додани ҳамкориҳои расмии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколама, инчунин ноил гардидан ба рушди муназзаму муштарак ва мутақобилан судманди кулли кишварҳои минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мебошад. Дар робита бо ин давлатҳои аъзои ин Созмон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва вусъати ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, пешбурд ва ҷалби сармоя, нақлиёт ва телекоммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг ва ғайра саъю талош меварзанд.

Дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев зимни суханрониаш дар робита ба масъалаи таъсиси Бонки рушди СҲШ қайд кард, ки моҳи ноябри соли 2013 дар нишасти Тошканд сарони кишварҳои созмон муҳим будани таъсиси Бонки рушди СҲШ ва суратҳисоби махсуси Фонди рушди созмонро таъкид доштанд. «Аз он замон ҷараёни корҳо дар ин самт бештар фаъолтар шуданд ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо шоҳиди таъсиси ин ниҳоди молиявии созмон хоҳем шуд», – иброз дошт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное