Бизнес-форуми СҲШ: Кишварҳо ҷонибдори рушди иқтисодии муштарак

Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Бизнес-форуми доираи соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои аъзои ин Созмон, инчунин кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори Бизнес-форумзиёда аз 300 намояндагони бахши хусусӣ […]

ASIA-Plus



Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Бизнес-форуми доираи соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои аъзои ин Созмон, инчунин кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори Бизнес-форумзиёда аз 300 намояндагони бахши хусусӣ ва сармоягузории Қазоқистон, Чин, Қирғизистон Рксия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Туркия, инчунин кормандони масъули созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории Бизнес-форум таҳкими ҳамкории тиҷоратии байни ҷомеаҳои соҳибкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷойдошта ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, муттаҳид сохтани иқтидори касбии аҳли тиҷорату саноати СҲШ ҷиҳати омода сохтани пешниҳоду тавсияҳо барои вохӯрии дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои Созмон, вусъати равобити бисёрҷонибаи соҳибкорон, ҳавасмандгардонии манфиати мутақобила ва тавсеаи равобити тиҷоратии байни соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои СҲШ мебошад.

Зимни суханронии худ муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки мусоидати воқеӣ ҷиҳати равнақ додани ҳамкориҳои расмии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколама, инчунин ноил гардидан ба рушди муназзаму муштарак ва мутақобилан судманди кулли кишварҳои минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мебошад. Дар робита бо ин давлатҳои аъзои ин Созмон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва вусъати ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, пешбурд ва ҷалби сармоя, нақлиёт ва телекоммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг ва ғайра саъю талош меварзанд.

Дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев зимни суханрониаш дар робита ба масъалаи таъсиси Бонки рушди СҲШ қайд кард, ки моҳи ноябри соли 2013 дар нишасти Тошканд сарони кишварҳои созмон муҳим будани таъсиси Бонки рушди СҲШ ва суратҳисоби махсуси Фонди рушди созмонро таъкид доштанд. «Аз он замон ҷараёни корҳо дар ин самт бештар фаъолтар шуданд ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо шоҳиди таъсиси ин ниҳоди молиявии созмон хоҳем шуд», – иброз дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.