Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Рустам Хамитовро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки  Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанба бо минтақаҳои Русия таҳким бахшида, минбаъд […]



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Рустам Хамитовро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки  Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанба бо минтақаҳои Русия таҳким бахшида, минбаъд низ ба рушду густариши онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

«Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, хӯрокворӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ баррасӣ шуданд», – қайд кард Муҳиддинов.

Ёдрас мекунем, ки нишасти СҲШ дар соли 2015 дар пойтахти Бошқирдистон – шаҳри Уфа баргузор мешавад. Дар нишасти созмон дар Душанбе раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Русия мегузарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.