Шоми рӯзи 11-уми сентябр мулоқоти басо муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Бешубҳа, муносибот бо Узбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад».
«Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ, сарони ҳарду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад.
Дар ҷараёни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.



