Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон зимни азми сафар барои кумак ба фаластиниҳо

Дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон кормандони милисаи кишвари ҳамсоя шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Фаластин азми сафар дошт, боздошт намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш, рӯзи 11-уми сентябр қабл аз парвоз ба Туркия, тақрибан соати 02-00-и шаб тибқи маълумоти фаврии қаблан расида кормандони милиса сокини 45-солаи […]



Дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон кормандони милисаи кишвари ҳамсоя шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Фаластин азми сафар дошт, боздошт намуданд.

Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш, рӯзи 11-уми сентябр қабл аз парвоз ба Туркия, тақрибан соати 02-00-и шаб тибқи маълумоти фаврии қаблан расида кормандони милиса сокини 45-солаи ноҳияи Спитамен Комил Раҳматовро боздошт намудаанд.

Ба иттилои мнабаъ, дар нахустин бозпурсӣ Раҳматов иқрор шудааст, ки нияти кумак «ба бародарони мусалмони худ»-ро дорад. «Изҳор намуд, ки дигар ба дидани азияти фаластиниҳо аз дасти яҳудиҳо сабр карда наметавонад ва то охир бо ин роҳ рафтанӣ аст. Гуфт, барои дастрас кардани билет то Туркия гови худро фурӯхта, тариқи Туркия ба Фаластин роҳ ёфтанӣ будааст. Аз қавли боздоштшуда, яроқро ӯ дар Фаластин дастрас мекардааст. К.Раҳматов падари 4 фарзанд буда, танҳо маълумоти миёна дорад. Қаблан барои авбошӣ муҷозот шуда, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати сархушӣ ба ҳамдеҳаи худ зарари моддӣ расонидааст», – зикр мегардад дар хабари Раёсати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус аз рӯи ин далел корҳои фавриву тафтишотӣ анҷом медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.