Истиқболи ПСС ҶТ аз таъсиси Шӯро бо палатаҳои Афғонистону Покистон ва Қирғизистон

Date:



Дар вохӯрӣ бо роҳбари лоиҳаи USAID оид ба савдо ва мусоидат ба Афғонистон (АТАР) дар ҶТ Ҷули Лиф раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикисон (ПСС ҶТ) Шариф Саид изҳор намуд, ки пешниҳоди таъсиси Шӯрои муштараки муттаҳида миёни Палатаҳои савдо ва саноати Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуот ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқоти мазкур масъалаи имзои минбаъдаи созишномаи чаҳорҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар бахши савдо миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Федератсияи ПСС Покистон баррасӣ шудааст.

Ҷули Лиф зикр кардааст, ки яке аз вазифаҳои муҳими лоиҳаи АТАР дастгирӣ ва мусоидат ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, беҳбуд ва афзоиши имконоти содиротии минтақа аст.

Шариф Саид ба дастгирии ҳамаҷониба дар рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва таъсиси Шӯрои муштараки муттаҳида миёни Палатаҳои савдо ва саноати ин кишварҳо омодагӣ изҳор намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...