Санаи 9-уми октябри соли равон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Сафари 27-сола, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтуков аз дохили борхалтаи ӯ 20-адад бастаҳои маводи рангашон сафед бо бӯйи махсус дошта дарёфт карда шуд.
Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи мутахассисон муайян карда шуд, ки маводи мазкур маводи нашъадори сахттаъсири «героин» буда, вазнаш 19 килою 488 граммро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








