Иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар маҷлиси вакилзанон дар Женева



Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова бо даъвати Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ дар кори маҷлиси навбатии чоррӯзаи занон – вакилони парлумонҳои ҷаҳон, ки имрӯз дар шаҳри Женева ба итмом мерасад, ширкат меварзад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷлиси вакилзанони парлумонҳои ҷаҳон масъалаҳои марбут ба баробарҳуқуқии мардону занон, фаъолнокии гендерӣ дар Ассамблеяҳои иттиҳоди байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, оид ба квотаҳои интихоботӣ барои занон дар сиёсат, мушкилоти ҳамкорӣ бо кумитаи СММ оид ба аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқ нисбти занон муколамаҳои махсус сурат гирифтанд.

Дар маҷлиси зикр гардид, ки тайи солҳои ахир дар кишварҳои гуногуни сайёра тамоили коргирӣ аз квотахои гендерӣ ҳамчун восита барои беҳбуди иштиоки занон дар сиёсат ба таври густарда истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба мунсибати 132-умин солгарди Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ маҷлиси навбатии занон – вакилони парлумонҳои ҷаҳон 28-уми марти соли 2015 дар шаҳри Ханой доир мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное