Иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар маҷлиси вакилзанон дар Женева

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова бо даъвати Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ дар кори маҷлиси навбатии чоррӯзаи занон – вакилони парлумонҳои ҷаҳон, ки имрӯз дар шаҳри Женева ба итмом мерасад, ширкат меварзад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷлиси вакилзанони парлумонҳои ҷаҳон […]



Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова бо даъвати Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ дар кори маҷлиси навбатии чоррӯзаи занон – вакилони парлумонҳои ҷаҳон, ки имрӯз дар шаҳри Женева ба итмом мерасад, ширкат меварзад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷлиси вакилзанони парлумонҳои ҷаҳон масъалаҳои марбут ба баробарҳуқуқии мардону занон, фаъолнокии гендерӣ дар Ассамблеяҳои иттиҳоди байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, оид ба квотаҳои интихоботӣ барои занон дар сиёсат, мушкилоти ҳамкорӣ бо кумитаи СММ оид ба аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқ нисбти занон муколамаҳои махсус сурат гирифтанд.

Дар маҷлиси зикр гардид, ки тайи солҳои ахир дар кишварҳои гуногуни сайёра тамоили коргирӣ аз квотахои гендерӣ ҳамчун восита барои беҳбуди иштиоки занон дар сиёсат ба таври густарда истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба мунсибати 132-умин солгарди Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ маҷлиси навбатии занон – вакилони парлумонҳои ҷаҳон 28-уми марти соли 2015 дар шаҳри Ханой доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.