Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои United World посух гуфт

Нимаи дуюми рӯзи 16-уми октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба дастовардҳои фарҳанги […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 16-уми октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба дастовардҳои фарҳанги сулҳсозии тоҷикон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартарафсозии мушкилоти асосии кишвар, аз ҷумла мушкилу монеаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамчунин нақши намоёни Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа Ттваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Тавре зикр гардид, United World агентии иттилоотии мустақили байналмилалӣ буда, дорои нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст. Сомонаи интернетии unitedworld-usa.com беш аз 40 миллион хонандаи сабтиномшуда дар тамоми ҷаҳон дорад. Тибқи иттилои ин хабарнигорон, Агентии United World аз соли 1991 ба ин сӯй бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дошта, расонаи иттилоотии муътабару муътамад ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.