М. Убайдуллоев: Тоҷикон сиёсати таҳримҳо алайҳи Русияро маҳкум мекунанд



Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки мардуми Тоҷикистон комилан аз мавқеъи Русия ҷонибдорӣ карда, сиёсати роҳандозии таҳримҳо алайҳи онро маҳкум мекунад.

«Ҳеҷ кишваре ба амри қабули шартҳояш ба ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад ва ҳар касе ба интихоби худ ҳуқуқ дорад», – иброз доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав рӯзи 23-юми октябр зимни мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

хадамоти матбуоти

Думаи давлатӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳадафи он мунтазам таъмин намудани бозорҳои Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар навъи маҳсулот аст.

Дар навбати худ, Сергей Наришкин аз сафари охиринаш ба Тоҷикистон ва «суҳбати пурсамару кушод» бо Убайдуллоев бо самимият ёдовар шуда, изҳор кардааст, ки тайи муддати сипаришуда муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия тамоили иловагӣ касб намуда, бештар мусбат шуданд.

Раиси Думаи давлатии Русия таъкид доштааст, ки «миёни Тоҷикистону Русия ҳмаи масъалаҳо ҳаллу фасл шуда, тамоми уҳдадориҳои мутақобила тибқи бастаи созишномаҳои баимзорасида дар соли 2012 иҷро шудаанд».

Ба гуфтаи Наришкин, ин ҷо қабл аз ҳама дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва маҷмӯи масолили марбут ба муҳоҷирати корӣ сухан меравад. «Мо ба ҳамкории тадриҷӣ ва пайдарҳам дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва соҳаи ҳарбӣ манфиатдорем», – афзудааст С.Наришкин.

Маҳмадсаид Убайдуллоев муносибатҳои феълии дуҷонибаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки созишномаҳои баимзорасида пурра амалӣ хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное