Кумаки Япония ба 10 ноҳияи Тоҷикистон

Дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими имзои Барномаҳои кӯмаки грантии Япония бо иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тибқи барномаҳои баимзорасида ба 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар, маблағи тақрибан 1 миллион доллари ШМА барои сохтмони […]

ASIA-Plus



Дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими имзои Барномаҳои кӯмаки грантии Япония бо иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тибқи барномаҳои баимзорасида ба 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар, маблағи тақрибан 1 миллион доллари ШМА барои сохтмони мактабҳо, таҷҳизонидани беморхонаҳо ва беҳсозии зерсохторҳои деҳаҳо пешниҳод карда мешавад.

Зимни маросим Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати Япония барои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳо ва сатҳи баланди эътимоду шарикӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаҳои мухталиф ва роҳҳои фаъол намудани хамкориҳои байнисоҳавӣ ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Кумакҳои Япония дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва нақши созандаи ин кишвар дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ баланд арзёбӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъмини рушди босуботи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва расонидани кумакҳои минбаъда дар ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти ин кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.