Дар ДДХ масоили динӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт



Ахири ҳафтаигузашта дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят чорабинии тарбиявию маърифатӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ, Муъминҷон Шамсиддинов, муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия нишастро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки ин чорабинӣ дар партави иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз санаи 16.10.2014 № 2265 «Дар бораи тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва ташкилкунандаи таассуби динӣ» сурат мегирад.

Дар ин самт аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла, бо ҷалби олимони ҷомеашинос ва коршиноси факултет ва кафедраҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ, олимон ва муҳақиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба пайдоиши зуҳуроти бегонашавӣ ба бегонапарастӣ дар байни ҷавонон, оқибатҳои гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва таъсири хатарноки онҳо ба ҷаҳонбинии донишҷӯёну омӯзгорон гурӯҳи таҳлилӣ- иттилоотӣ, таъсис дода шуд ва фаъолияти ин гурӯҳро дар самти ташвиқоту тарғибот, ҷалби донишҷуён ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, инъикоси фаъолияти соҳаи маориф, ҳамзамон вокунишу таҳияи маводи таҳлилӣ ҷоннок гардидааст.

Мудири шӯъбаи дин ва танзими расму оини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов баромад намуда, қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза кӯшишҳои зиёд бо роҳи дигар андохтани ҷомеаи солим бо номи дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Мо бояд равандҳои ҷомеаи имрӯзаро донем, дарк намоем ва ба он дуруст баҳо диҳем. Шукронаи сулҳу Ваҳдат аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон 4000  масҷид амал менамояд ва тибқи омори расмӣ ба ҳар 1400 нафар сокини мамлакат як масҷид рост меояд. Ин дар ҳолест, ки дар Арабистони Саудӣ ба 3500 нафар як масҷид муайян шудааст. Мо бояд пеш аз ҳама ба фарҳангу таърихи гузаштагони хеш такя кунем, набояд ба дигарҳо кӯр – кӯрона тақлид намоем. Мутаасифона бисёр ҷавонон ёфт мешаванд, ки ноогоҳона ба дигар ҳизбу ҷараёнҳои бегона тақлид мекунанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода Раиси шӯрои уламои дини вилоят баромад карда афзуд, ки донишгоҳ даргоҳи муқаддас аст. Ва шумо донишҷӯён хушбахтед, ки дар ин даргоҳ ба илму маърифат машғулед, ин саодати бузург аст. Талаби илм фарз аст. Ин илм дар ҳар шакл хоҳ динӣ, хоҳ коиноту ҳандаса, зироат ва ғайраҳо вуҷуд дошта метавонад, ҳамааш барои мардум зарур аст. Баъзе нафарон пайдо шудаанд, ки ношукрона аз ин ҷамъият, ки ихтилоф байни падару модар мардум, масҷид ва ғайраҳоро мегузоранд ӯ худ урфу одатҳои ҳазорсолаи мардуми моро инкор менамояд. Ҳизб дин нест! Агар дар Тоҷикитон 8- ҳизби расман амалкунанда бошад аксари аъзоёнаш мусаллмон ҳастанд. Яъне дар ҷомеаи имрӯза дин ба ҳизб эҳтиёҷ надорад.

spot_imgspot_img

Популярное