Ҳафтаи равон Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар арафаи Соли нави масеҳӣ ва 85-солагии таъсисёбӣ сомонаи интернетии худро бо нишонии
www.javonon.tj
таъсис дод, ки он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад.
Тавре дар сӯҳбат Самариддин Асозода, сармуҳаррири ҳафтанома иброз дошт, яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомона фаро гирифтани бештари хонандагон мебошад. Номбурда афзуд: «Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин, қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан, дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин, бо рушди технология имкони дастрасии инернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд, ки пайваста иттилоъи нав дарёфт кунанд».
Инчунин, тавре масъулони сомона иброз медоранд, ҳар як кори нахустин, ки роҳандозӣ мегардад, метавонад аз камбудӣ орӣ набошад. Бинобар ин, онҳо аз хонандагону мутахассисон хоҳонанд, назари худро барои беҳбудӣ бахшидани кори сомона, ки аз 1 январи соли 2015 фаъол мегардад, дареғ надоранд.
Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (дар гузашта “Комсомоли Тоҷикистон” низ ном дошт), нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 5 апрели соли 1930 таъсис ёфтааст ва ҳар ҳафта як маротиба бо формати А-3 16 саҳифа ба табъ мерасад.



