Ду медали мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо

Дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки 6 сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, гуштигирони навраси тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки 6 сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, гуштигирони навраси тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медали нуқра ва як ҷойи 7-ум чорум шуд.

Гуфта мешавад, дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардид. Вай баъди се ғалаба бар Муҳаббат Бӯриева (Русия), Кумушой Соскеева (Қирғизистон) ва Даря Харлапанова (Русия) ба финал баромад. Шукрона дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Фаина Кулиш (Русия) мағлуб гашт.

Дар сабқати писарон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило бар се рақибаш – Данила Папсулин (Русия), Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) ва Владимир Костин (Сербия) – дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ Кемал Каитови русиягиро шикаст дод ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мусобиқа 295 варзишгар (176 писар ва 119 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000-ум) аз 19 кишвар рӯзҳои 4-5 апрел дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.

Дар сабқати дурӯза варзишгарон барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 47 медал (16 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 2 медали 2 нуқра дар мақоми севум қарор гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.