Гумонбарии сардори яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба порагирӣ

Сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, афсари марзбон баъди гирифтани 2 […]

ASIA-Plus



Сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, афсари марзбон баъди гирифтани 2 ҳазору 700 сомонӣ ба сифати пора дастгир шудааст.

«Номбурда барои гузаштани мошинҳои боркаши ҶДММ «Куруш 2014», ки қум ва шағал мекашидан барои иҷозат додан аз шаҳрванд «Н», ки шахси масъули ҶДММ «Куруш 2004» мебошад, дар марҳилаи аввал 100 литр бензини тамғаи «92» ба маблағи 430 сомонӣ ва маблағи нақдии 460 сомониро, ба сифати пора талаб намуда гирифта, баъдан барои дубора иҷозат додан ба мудати як моҳ барои ҳар як рӯзаш 90 сомонӣ, ки ҷамъ маблағи 2700 сомониро ташкил медиҳад ба сифати пора талаб намудааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати гумонбаршуда бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.