Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои адлияро иваз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони худ раиси Шӯрои адлияи ҷумҳуриро иваз кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи фармони дахлдори президент, Зафар Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Бо фармони дигари президент, собиқ сардори Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони худ раиси Шӯрои адлияи ҷумҳуриро иваз кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи фармони дахлдори президент, Зафар Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо фармони дигари президент, собиқ сардори Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродзода раиси нави Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Гуфта мешавад, мувофиқи амри президент, Зафар Азизззода сардори Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таъин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.