Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Афғонистон – раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтушунид кард.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, батафсил масоили марбут ба рушди савдои наздимарзӣ, ҳамкориҳои гумрукӣ, транзити молу коло ва хизматгузориҳоро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид нахуствазирони Тоҷикистону Афғонистон Изҳороти муштарак дар бораи дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро ба имзо расонидаанд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҳузури нахуствазирони кишварҳо вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Сироҷиддин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ Протокол дар бораи ҳамкории идораи сиёсати хориҷии кишварҳоро низ ба имзо расонидаанд.




