Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Норак



Нисбати сармуфтаттиши прокуратураи шаҳри Норак, ки номаш ифшо намегардад, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутобиқи моддаи 319 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дафтари матбуоти Агентии зиддифасод дар шарҳи ин маълумот менависад, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷинии марбут ба лату кӯб ва кӯшиши таҷовуз ба номус сармуфаттиш аз як шаҳрванд ба сифати пора 5 ҳазор доллари ИМА талаб мекунад.

Ба иттилои манбаъ, давоми рӯзҳои 16-17 июн сармуфтаттиш дар ҳуҷраи кории худ аз шаҳрванд «О» 600 доллари ИМА, 1700 сомонӣ ва 3 ҳазор рубли русӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 18 июн сармуфаттиш ҳангоми гирифтани миқдори навбатии пора дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное