Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои омӯзиши тавсияҳои Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) аз рӯи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 март гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки алҳол тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА ба КМИР дастрас нашуда, вале дар сомонаи расмии миссия интишор шудаанд.
«Ҳамагӣ 31 тавсия дарҷ ёфтааст, ки ба корҳои ташкилу баргузории интихобот, бақайдгирии интихобкунандагон ва номзадҳо ба вакилӣ, кор бо ВАО, санҷиши донистани забони давлатӣ аз номзадҳо, нозирони миллӣ аз аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар марбут аст», – қайд кард Додозода.
Намояндаи КМИР Тоҷикистон таъкид дошт, ки баъзе тавсияҳои ин ниҳод умуман ба меъёрҳои Конутитутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат намекунанд.
«Масалан, ба мо тавсия медиҳанд, ки ба овоздиҳӣ ба интихобот маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноятҳо роҳ дода шаванд, ки тибқи Конститутсияи Тоҷикистон манъ аст ё тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА дар бораи ба раъйдиҳанда додани ҳуқуқи дар як вақт овоз додан ба якчанд номзадҳо ба вакилӣ, ки ба усули «як интихобкунанда – як овоз» созгор нест», – таъкид дошт намояндаи КМИР.
Ба гуфтаи ӯ, бо тавсияи ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи гузашта муҳлати бозхонди номзадҳо ба вакилӣ аз интихобот дақиқан – 7 рӯз муқаррар шуда буд. «Акнун ба мо тавсия медиҳанд, ки ин муҳлатро то 10 рӯз, яъне то санаи омода шудани варақаҳои раъйдиҳӣ дароз кунем. ДИДҲБ/САҲА ҳамчунин тавсия медиҳад, ки иштироки нозирон аз аҳзоби сиёсии кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори комисияҳои интихоботии қитъавӣ таъмин карда шавад, ки тибқи қонунгузории кишвар манъ нашудааст», – афзуд Додозода.





