Шиносоии навбатии нахуствазир бо иншооти ҷашнии Ҳисор

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13 август ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии ноҳия шинос шуд. Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Расулзода ба раҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳия дастур дод, ки ба сифати иҷрои корҳо дар иншооти ҷашнӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, истифодаи мақсадноки воситаҳои […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13 август ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии ноҳия шинос шуд.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Расулзода ба раҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳия дастур дод, ки ба сифати иҷрои корҳо дар иншооти ҷашнӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Қобили зикр аст, ки қариб ҳамаи иншооте, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохта мешаванд, барои ба истифода додан омода шудаанд.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор Қоҳир Расулзода аз корхонаи навбунёди хиштбарорӣ боздид намуда, бо фаъолияти он аз наздик ошно гардид. Дар ҷамоати деҳоти Шарора бо иштироки нахуствазир ба сохтмони мактаби нави таҳсилоти умумӣ ҳусни оғоз бахшида шуд, ки аз ҳисоби маблағгузории молики корхонаи хиштбарории дар боло зикршуда бунёд карда мешавад.

Ба муносибати 3000-солагии Ҳисор, ки дар моҳи октябри соли равон ҷашн гирифта мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беш аз 400 иншооти нави таъиноти гуногун дар ноҳия дар назар аст, ки аз ҳисоби воситаҳои ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.