Хадамоти оташнишонӣ фаъолияти ду бозор дар пойтахтро қатъ кард



Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиш оид ба риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои мутобиқат надоштан ба талабот, фаъолияти як қатор иншооти пойтахтро муваққатан қатъ кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, чунин санҷишҳо дар биноҳои ҶСП «Торгмаш», Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат,  Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, қаҳвахонаи «Рисолат», бозорҳои ҶСП  «Тараққиёт» ва «Бале ҷавонон» гузаронида шуданд.

Гуфта мешавад, барои риоя накардани қоидаҳои бехатрии сӯхтор, фаъолияти тамоми иншооти дар боло зикршуда муваққатан боздошта шуда, баъди бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳо, масъалаи дубора ба фаъолият оғоз кардани онҳо баррасӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное