Дастаи «Истиқлол» ба Кувайт раҳсипор шуд

Date:



Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28 сентябр ба Кувайт раҳсипор шуд. Дар ин кишвар футболбозони тоҷик дар вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 бо ғолиби секаратаи ин мусобиқа – дастаи «Кувайт» (Кувайт)-и бозӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ситоди мураббиёни бошгоҳи Тоҷикистон ба ҳайати даста 16 нафар бозигаронро шомил сохтааст, ки ба ин вохӯрӣ омодагӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои Кувайт» – «Истиқлол» рӯзи 30 сентябр дар варзишгоҳи Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:20 ба вақти Душанбе аст.  


Ҳайати дастаи «Истиқлол» барои бозӣ бо тими «Кувайт»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов;

Нимҳимоятгарон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов,  Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...