Ҳаҷми кумакҳои беруна ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон 3 маротиба кам шуд

Date:



Дар муқоиса бо соли 2014 соли ҷорӣ ҳаҷми уҳдадориҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон оид ба кумак баҳри рушди бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон ба андозаи 3 маротиба коҳиш ёфт.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2015 ҳаҷми уҳдадориҳои шарикони рушд оид ба кумак ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон каме бештар аз 8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон дар ҳаҷми беш аз 21,3 млн. доллари ИМА ё худ 5,4% аз ҳаҷми умумии ёрӣ ба ҷумҳурӣ кумак расонида буданд.

«Дар давраи солҳои 2002-2007 ҳаҷми кумак ба ба бахши хусусӣ ба ҳадди ниҳоии худ дар соли 2005 (15 млн. доллари ИМА) расида, солҳои минбаъда коҳиш ёфт ва соли 2007 то 2,8 млн. доллари ИМА поин рафта, шурӯъ аз соли 2008 тамоили афзоиши кумак ба бахши хусусӣ ва саноат ба мушоҳида расид», – гуфтанд дар Кумита.

Таъкид шуд, ки аз соли 2009 кумак ба бахши хусусӣ ва саноат танҳо дар шакли грантҳо сурат мегирад, ки то соли 2014 ҳаҷми онҳо ҳамасола афзоиш меёфт.

Зимнан зикр гардид, ки ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон дар ин давра нисбатан бештар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир дар ҳаҷми беш аз 9,2 млн., ҳукумати Олмон – ҳудуди 3,4 млн. ва Итиҳоди Аврупо ба маблағи 830 ҳазор. доллари ИМА кумак расонидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...