Дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), ки футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ рӯзи 30 сентябр бозӣ карданд, дастаи мизбон – «Кувайт» бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба ба даст овард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, «Истиқлол» имкони дастёбӣ ба бозии финалии Ҷоми КФО-ро қариб пурра аз даст дод.
Акнун барои роҳхат гирифтан ба бозии финалӣ «Истиқлол»-ро лозим аст, ки дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ рӯзи 21 октябр дастаи «Кувайт»-ро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб созад.
Ҷоми КФО-2015
1/2 финал. Бозиҳои аввал
СК «Кувайт» (Кувайт) — «Истиқлол (Тоҷикистон) — 4:0
«Ал-Қодсия» (Кувайт) — «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — 3:1
1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
20 октябр (сешанбе)
«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт)
21 октябр (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) — СК «Кувайт» (Кувайт).


