Сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист



Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҳамроҳ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Чин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе, ки бо воситаҳои Чин бунёд мешавад,  шинос шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

«Сохтмони бинои панҷошёнаи Хонаи афсарон дар маркази пойтахт қариб пурра ба итмом расида, айни замон ба он аз Чин мебел, қандил (люстра), кондитсионер ва қолинҳо оварда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бинои Хонаи афсарони Тоҷикистон ояндаи наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Хотиррасон шуд, ки сохтмони Бинои афсарон барои артиши Тоҷикистон

моҳи июни соли 2012 оғоз гардида

, барои сохтмон ва таъмини он бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ Чин ба сифати грант 100 млн. юан (15 млн. $) ҷудо карда буд.

spot_imgspot_img

Популярное