Вакилон санаи раъйпурсӣ оид ба тағйирот дар Конститутсияро муайян мекунанд



Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор шурӯъ мекунад, ки масъалаи асосии мавриди баррасии он –  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ  ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин робита аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон» ва «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон ҳамчунин баррасии масъалаи пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Комил Саидзода ва қабули қарор оид ба хориҷ кардани ӯ аз ҳайати Кумитаи МНМО ҶТ оид ба иқтисод ва молия низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Комил Саидзода санаи 1 март аз ҳавзаи якмандатии №16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд. Бо фармони президенти мамлакат аз 11 январи соли 2016 ӯ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.

Комил Салимзода дуюмин вакили Маҷлиси намояндагони даъвати ҳозира хоҳад буд, ки пеш аз муҳлат ваколатҳояш қатъ карда мешавад. Соли гузашта дар робита ба раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шудани Низом Қосим, ваколатҳои ӯ дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат қатъ шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное