Собиқ фармондеҳи ОМОН дигар ба Давлати исломӣ лозим нест

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки аввали моҳи майи соли гузашта ба созмони террористии Давлати исломӣ пайваста, дар ҷангҳо алайҳи артиши ҳукумати Сурия ду маротиба захмӣ шудааст, айни змон дигар ба хоҷагони худ аз Давлати исломӣ нолозим […]



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки аввали моҳи майи соли гузашта ба созмони террористии Давлати исломӣ пайваста, дар ҷангҳо алайҳи артиши ҳукумати Сурия ду маротиба захмӣ шудааст, айни змон дигар ба хоҷагони худ аз Давлати исломӣ нолозим шудааст.

Вазир таъкид дошт, ки феълан ҷиҳати боздошту ба Тоҷикистон овардани Ҳалимов ва ҳамчунин ба маҳкама кашидани ӯ мутобиқи қонун ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад. «Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз Давлати исломӣ ба Ҳалимов моҳона 100 доллари ИМа кумакпулӣ медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Вазири корҳои дохилии ҶТ зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, имрӯз 992 нафар тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доранд. «Аз шумори ҷангандагон дар сафҳои Давлати исломӣ 156 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт, 61 нафар ихтиёрӣ аз Ироқ ва Сурия баргаштанд ва 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои Давлати исломӣ дар ғарибӣ ҳалок шуданд», – қайд кард номбурда.

Рамазон Раҳимзода ба журналистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки амири «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз Тоҷикистон Амриддин Табаров ахири тобистони соли гузашта ҳангоми ҷангҳо дар Афғонистон кушта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.