Дастури А.Иброҳим оид ба омӯзиши тарзи нави расонидани ангишт ба МБГ Душанбе-2

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо рафти сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз наздик шинос шуд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ӯ аз ҷараёни корҳои сохтмон дар худи иншоот қаноатмандӣ изҳор намуда, лекин аз суръати корҳои бунёди анборҳо барои нигаҳдории ангишт норозигӣ […]



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо рафти сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз наздик шинос шуд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ӯ аз ҷараёни корҳои сохтмон дар худи иншоот қаноатмандӣ изҳор намуда, лекин аз суръати корҳои бунёди анборҳо барои нигаҳдории ангишт норозигӣ баён кардааст.

Азим Иброҳим таваҷҷуҳи муҳандисоон ва бинокоронро ба васлу насби саривақтии технологияи таъмини бехатарии пурраи иншоот ҷалб намудааст.

Барои кам кардани хароҷоти марбут ба расонидани ангишт аз соҳили чапи дарёи Варзоб ба МБГ тариқи автомобилҳои боркаш, муовини нахуствазир дастур додааст, ки масъалаи ҷорӣ кардани тарзи кашонидани ангишт ба иншоот тавассути зарф бо таноб мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Азим Иброҳим хотиррасон намудааст, ки дар паёми президент ба парлумон аз 20 январи соли гузашта зикр гардид, ки навбати дуюми МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаватт бояд ахири соли равон ба истифода дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.