Душанбе Теҳронро ба муносибати рафъи таҳримҳо табрик кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 январи соли 2016 муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози суҳбат С.Аслов дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳо ва иҷрои тавофуқоти Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак дар робита ба […]



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 январи соли 2016 муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози суҳбат С.Аслов дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳо ва иҷрои тавофуқоти Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон табрик гуфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки ин руйдоди таърихӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Эрон такони нав мебахшад ва нақши созанда ва масъулияти ин кишварро дар умури байналмилалию минтақавӣ боло хоҳад бурд. 

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Бар зарурати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сармоягузориҳои муштарак дар арсаҳои энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва саноат таъкид гардид. Дар ин росто ҷонибҳо тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷиҳати мубориза алайҳи чолишу хатарҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид шуда, ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.