Ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Британияи Кабир дар Хуҷанду Душанбе



Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) рӯзи 25 январ вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт баргузор шуда, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот дипломати бритониёӣ изҳор доштааст, ки моҳи апрели соли равон баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати худ Шариф Саид зикр кардааст, ки ПСС ҶТ баҳри мусоидат ба доир намудани ин чорабинӣ омода аст. Ӯ ҳамчунин ба меҳмонон доир ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои ояндадор дар бахшҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тандурустӣ, маориф, соҳаи бонкӣ, туризм ва ғайра маълумоти муфассал додааст.

«Британияи Кабир аз Тоҷикистон метавонад ба сифати долони транзитӣ барои ҳамлу нақли бору маҳсулоти хоҷагидориву ниёзи мардум ба Афғонистону Покистон пурсамар истифода кунад», – қайд кардааст Шариф Саид.

spot_imgspot_img

Популярное